Камбудиҳо ислоҳ мешаванд?
Душанбе, 22 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Интизор меравад, ки то 1 январи соли 2014 муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев, раисони ноҳияҳои Сино — Зафар Сафаров, Исмоили Сомонӣ — Аламхон Қурбонов, Шоҳмансур — Самандар Бобоев ва раиси ноҳияи Фирдавсӣ — Саиднуриддин Алиев бинобар ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардидани фаъолияташон аз ҷониби вакилони Маҷлиси шаҳрӣ ҷиҳати таъмин накардани меъёрҳои қонунгузории кишвар дар самти танзими нигоҳдошти чорво дар ҳудуди пойтахт аз вазифаашон озод карда хоҳанд шуд. Дар робита ба ин ба шахсони мансабадори мазкур ҷиҳати ислоҳи камбудию норасоиҳо дар фаъолияташон то соли нав муҳлат дода шудааст. Дар холати то 1 январи соли 2014 таъмин накардани Қарори иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе “Дар бораи вазифаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ” дар самти батанзимдарории нигоҳдошти чорво ва ҳайвонот дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе”, масъалаи фаъолияти минбаъдаи мансабдорони мазкур баррасӣ мегардад. Назар ба иттилои Шавкат Саидов-котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе, инчунин дар асоси қарори вакилони шаҳрӣ фаъолияти минбаъдаи сардори Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе Бобишо Қармишев ва директори Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологии шаҳри Душанбе Зиёвуддин Афғонов дар вазифаи роҳбари аввал матраҳ хоҳад гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






