Канорагирии андозбандии дукарата миёни Душанбею Бангкок
Душанбе, 14 ноябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Гардиши мол байни Тоҷикистону Тайиланд дар нимсолаи аввали соли равон 884,5 ҳазор $-ро ташкил дод, ки ин омор дар қиёс ба соли 2012 -ум 108,3 % зиёд аст. Ин матлабро Руҳуллоҳ Ҳакимов-муовини вазири молияи кишвар ҳангоми тавзеҳи Конвенсияи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Тайиланд оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад, ки онро палатаи поёнии Парлумони мамлакат баррасӣ ва тасдиқ намуд, зикр кард.
Намояндаи масъули ниҳоди молиявии кишвар гуфт, ки муоҳидаи мазкур моҳи майи соли 2013 дар Бангкок дар ҷараёни сафари расмии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвари Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба имзо расидааст.
Ҳадафи санади мазкур бартараф намудани андозбандии дукарата аз даромад ва сармоя ҷиҳати афзун гардонидани гардиши савдои байнидавлатӣ, афзоиши сармояи хориҷӣ, ташкили корхонаҳои муштарак доир ба коркарди ашёи хом байни Тоҷикистону Тайиланд мебошад.
Эътибор пайдо намудан санади мазкур имконият медиҳад, ки андозбандии даромад аз амвол, музди меҳнат ва сармоя, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, резидентҳо дар ҳар ду давлат ба танзим дароварда шавад.10.08.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






