Китоби рӯимизӣ барои сарбозон

Ноябрь 8, 2013 10:01

Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). -Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи (КМТҶММ)  ҶТ дар доираи «Барномаи давлатии  ҳарбӣ — ватандӯстӣ ва рушди намудҳои ҳарбӣ-амалии варзишӣ байни наврасон ва ҷавонони даъватӣ ва то даъватии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2015» китоби рӯимизиеро аз силсилаи адабиёти ватандӯстӣ бо номи «Маърифати ватанхоҳӣ» чоп намуд. Он ҳамчун дастури раҳнамо барои муаллимони фанни дифои ҳарбии мактаббачагони синни тодаъватӣ ва сарбозони қувваҳои мусаллаҳ пешбинӣ гардидааст. Дар китоб роҷеъ ба бунёди артиши миллӣ, қӯшунҳои Қувваҳои мусаллаҳ, оинномаҳои умумии ҳарбӣ, рамзҳои ҶТ маълумот дода шудааст.  Дар қисмати хотимавии китоб шеърҳои ватандӯстӣ ва сурудҳои сарбозӣ ҷой доранд. Китоб бо теъдоди 1000 нусха нашр шуда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, донишгоҳҳо ва  қисмҳои ҳарбӣ ройгон тақсим мегардад. 
Тавре ки  котиби матбуотии ТҶММ Абдурақиб Қодиров хабар дод, ТҶММ ҳамасола чунин китобҳоро нашр мекунад. Соли гузашта маҷмӯаи мақолаҳо дар мавзӯи ватандӯстии рӯзноманигорони ватанӣ  бо номи «Номуси ватандорӣ шукуҳи ватан аст», инчунин буклетҳои тарғиботӣ таҳия ва нашр гардиданд. Дар назар аст, ки дар соли оянда низ ин иқдом идома  ёбад. 
 
 

Ноябрь 8, 2013 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад