Китоби «Роҳ ба сӯи мушорикат»
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Дар Тоҷикистон китоби энсиклопедии «Роҳ ба сӯи мушорикат», ки бо роҳбарии раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид таҳия шудааст, аз чоп баромад.
Тавре ки аз Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин китоб аз таърихи таъсису рушди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи аз соли 2003 то соли 2013 нақл карда мешавад. Мавзӯи китоб ҳамчунин иборат аз таҳлили воқеаҳои назарраси ҳаёти иқтисодии кишвар ва Палатаи савдо ва саноат, мавқеи фаъоли он дар амри ҳифзу дастгирии ҳуқуқҳои қонунӣ ва манофеи соҳибкорони тоҷик аст.
Назар ба гуфтаи манбаъ, дар китоб дастовардҳои палата тайи тамоми фаъолияти 53 – солааш, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар таъсир расонидаанд, инъикос ёфтааст.
Ба фикри роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати ҶТ, китоби «Роҳ ба сӯи мушорикат» барои доираи васеи аҳли ҷамъияти кишвар муфиду зарур хоҳад буд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






