Китобноманигорӣ ва таҷдиди он дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ

Ноябрь 20, 2013 15:02

Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Бо ибтикори  шуъбаи хизматрасонии библиографӣ, имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣ таҳти унвони «Китобноманигорӣ ва таҷдиди он дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ» баргузор гардид.  Дар чорабинӣ мутахассисони соҳаи китобдорӣ иштирок ва сухан гуфтанд.  
Дар  конфронс маърӯзаҳои илмӣ, аз қабили  «Вазъи таҳия ва интишори китобномаҳо дар Тоҷикистон», «Саҳми Пажуҳишгоҳи илмию татқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар таҳияи маҷмӯаҳо бахшида ба фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон»,  «Вижагӣ ва тафовут байни тасвири чопӣ ва электронӣ»,  «Тасвир ва тасвирнигорӣ дар фаъолияти Китобхонаи давлатии патентию-техникӣ» баррасӣ ва таҳлил шуданд.

 
 
         

Ноябрь 20, 2013 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш