Конференсияи илмию назариявӣ дар ВКД

Ноябрь 25, 2013 09:42

Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -23 ноябр дар толори Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию назариявӣ баргузор гардид.Дар конфронс раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон профессор Қурбон Восиев, мудири кафедраи фалсафа ва таърихи соҳибкории Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, дотсент Фирдавс Ҳайитов ва сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Раҷаббой Ҷӯраев маърӯза намуданд.Дар ҷараёни конфронс сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Раҷаббой Ҷӯраев оид ба парчам ва муқаддасоти он дар даврони муосир ибрози назар кард. Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар хотима бо Фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузоштани саҳми арзанда дар тарбияи насли ҷавон ва ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ профессор Қурбон Восиев, дотсент Фирдавс Ҳайитов бо туҳфаҳои хотиравӣ ва устоди Академияи ВКД полковники милитсия Раҷаббой Ҷӯраев бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Ноябрь 25, 2013 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш