Конфронс дар Лондон
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- 27 ноябр дар пойтахти Британияи Кабир шаҳри Лондон Конфронс таҳти унвони «Тоҷикистон дар қарни ХХ1. Дурнамои рушду пешрафт» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир зимни ҳамкорӣ бо Маркази Исмоилия дар шаҳри Лондон дар ҳошияи доир намудани Рӯзҳои Тоҷикистон дар Британияи Кабир роҳандозӣ шуд.Дар Конфронс Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир Эркин Қосимов, Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Робин Орд – Смит, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Назриев ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои инфиродӣ аз қабили Хазинаи Оғохон, Бонки рушди Осиё, Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо ва ғайра, ки солҳои зиёде дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ҳамчунин сармоягузорони фаъол ба иқтисоди кишвар дар бораи муваффақияту масоили мубрами рушди Тоҷикистон, имконоти бахши ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ ба соҳаҳои мухталиф ва перомуни масоили дигари марбут ба рушди Тоҷикистон сухан карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






