Конфронс дар мавриди таҳсилоти фарогир дар Душанбе
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Солеҳ). — 21-уми ноябри соли 2013 бо дастгирии шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, инчунин Вазорати маориф ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Конфронси дуюми байналмилалӣ бахшида ба масъалаҳои рушди таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Мақсади асосии конфронс аз омӯхтани масъалаҳои таҳсилоти фарогир, табодули таҷриба ва ҳамкориҳо, баррасии асосҳои сиёсати маориф ҷиҳати пешниҳоди имкониятҳои баробар барои ба даст овардани таҳсилоти босифат ва инкишофи иқтидор барои ҳамаи кӯдакон дар сатҳи байналмилалӣ иборат аст, -гуфт Ҷовиди Муқим, корманди масъули Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Точикистон.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






