Конститутсия – ҳуҷҷати тақдирсози миллат
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ конфронси илмию амалӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид. Ректори донишкада Раҳматулло Мирбобоев иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии давлат аст, ки асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкили фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро муайян мекунад.
Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни мавзӯи «Конситутсия яке аз рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ» гуфт, ки таъмини устувории ҳар як давлат ва инкишофи бемайлони асосҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию ҳуқуқии он аз Конститутсия (Сарқонун) маншаъ мегирад. Аз ин лиҳоз, Конститутсия ҳуҷҷатест, ки дар он асосҳои бунёдӣ муайян мешаванд. Дар муддати 19 соли мавҷудияти Конститутсия ба он ду маротиба тағйироту иловаҳо ворид шуданд, ки онро мукаммалтар намуданд ва ин раванд нишонаи рушд аст.
Бояд зикр намуд, ки маърӯзаҳои дигаре, ки дар конфронс садо доданд, моҳияти асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи қабул ва нақши он дар таҳкими қонунгузории миллии кишварро фарогир буданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






