Конститутсия-бахтномаи миллат

Ноябрь 7, 2013 16:11

 
  Румӣ, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Меҳрубон Сатторова).- 19-умин солгарди қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Румӣ  бо шукуҳу шаҳомати хосса доир гардид. Дар чорабинӣ, ки дар боғи фарҳангӣ ва истироҳатии ноҳия  таҷлил гардид,  фаъолону зиёиён ва намояндагони  дигар касбҳо иштирок доштанд. 
Амирулло Холов, раиси нохияи Румӣ сокинонро бо ин санаи муқаддас табрик гуфта, зикр кард, ки Конститутсия ҳуҷҷатест, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон   муайян мешавад.
   Дар охир барои болидагии хотири иштирокдорони чорабинӣ дастагули мусиқии  шуъбаи фарҳанги ноҳия пешкаш  гардид.
 

Ноябрь 7, 2013 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш