Корҳои сохтмонӣ дар «Маркази барқу гармидиҳӣ-2»-и Душанбе
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Дар майдони сохтмонии «Маркази барқу гармидиҳӣ-2»-и шаҳри Душанбе корҳои сохтмонӣ идома дошта, то имрўз дар корҳои сохтмонӣ 45000 метри мукааб бетон истифода шудааст.Тавре ки дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати кишвар хабар доданд, дар айни замон сохтмони дегхонаи №1 ва лўлаи дудбарор бо баландии 120м ва иншооти обсардкунӣ (градирня) бо баландии 90 м пурра ба итмом расидааст.Гуфта мешавад, ки аз тарафи мутахассисони ширкати “ТВЕА” хати интиқоли барқи баландшиддати 220 кВ аз «Маркази барқу гармидиҳӣ-2» то зеристгоҳи “Душанбе-500 кВ” лоиҳакашӣ гардида, сохтмони он босуръат идома дорад.Ёдрас мешавем, ки “Маркази барқу гармидиҳӣ-2”-и шаҳри Душанбе 100 МВт иқтидор дошта, аз ду навбат 50 МВт иборат аст. Барои кори 1 дег дар як шабонарўз 744 тонна ангишт лозим аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






