Корҳои созандагӣ дар ДДК
Кӯлоб, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов).-Дар Донишкадаи давлатии Кӯлоб (ДДК) ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ баҳри созандагиву ободонӣ ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат сайю кӯшиш намуда истодаанд. Аз ҷумла, бо дастгирии Вазорати маориф ва илм ва соҳибкорни маҳаллие, ки ҳамин донишкадаро хатм намудаанд, сохтмони чанд бинои лозимӣ баҳри пешбурди илм аз ҳисоби маблағҳои дохилии донишкада ва соҳибкорон ҷараён дорад. Дар ин иншоот 8 синфхона, толори китобхонаи электронӣ, таъмири биноҳои донишкада, истироҳатгоҳи профилактикӣ баҳри саломатии кормандони донишкада ва донишҷӯен, ошхона, майдончаи варзишӣ, дар арафаи анҷомёбист. Дар робита ба ин факултаҳои филологияи рус , физика ва математика, ки аз оби ошомиданӣ маҳрум буданд, бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






