Корхонаи хӯроки омехта ба кор медарояд

Ноябрь 27, 2013 10:53

Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- Нишасти матбуотӣ, ки 25 ноябр дар дафтари Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба имзои созишномаи нав дар мавриди ҷудо кардани қарзи корпоратсияи зикршуда ба маблағи 2 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА барои роҳандозии истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво бахшида шуда буд. Тавре ки менеҷери минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Осиёи Марказӣ Моаззам Мекан қайд намуд, ин маблағ барои истеҳсоли хӯроки омехта ба манзури таъмини фермаҳои чорвопарварии маҳаллӣ бо намудҳои мухталифи хӯроки хушсифати омехтаи чорво, беҳдошти ғизо ва саломатии чорво, ҳамчунин вусъати рақобатпазирӣ ва баланд бардоштани сифати маҳсулоти бахши кишоварзии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад. Директори генералии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Нутристар Тоҷикистон» Малика Ҷумъаева ба журналистон хабар дод, ки моҳи январи соли 2014 дар ҳудуди фабрикаи мурғпарварии «Мурғи ҳилол» — и Файзобод ба истифода додани корхонаи тавлиди хӯроки омехтаи мурғ дар назар аст. Иқтидори тахминии корхона 36 ҳазор тонна хӯроки омехта дар як сол мебошад. Дар оянда дар ин корхона 150 нафар бо кор таъмин мегардад.

Ноябрь 27, 2013 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш