Кормандони ХДО 427 нуқтаи носози барқиро ошкор намуданд
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Кормандони хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия, мутахассисони шабакаҳои барқ, намояндагони муассисаҳои истифодабарии манзилии ноҳияи мазкур дар биноҳои баландошёнаи истиқоматии кўчаи Айнӣ такроран корҳои пешгирию фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд. Ҳангоми гузаронидани корҳои пешгирию фаҳмондадиҳии муштарак дар биноҳои истиқоматии баландошёнаи кўчаҳои Айнӣ — 289/1, 289/2, 287/1 ба аҳолӣ амрномаҳои мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор барои бартараф намудани камбудиҳои зиддисўхтории ҷойдошта, бо муҳлатҳои муқаррар гардида супорида шуданд. Танҳо дар давоми 10 моҳи сипаригардидаи соли 2013 аз тарафи кормандони хадамоти ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар 10973 хонаи истиқоматӣ корҳои пешгирию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар ҷараёни он 37 769 нафар шаҳрванд бо талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор омўзонида шуд. Дар 5611 корхонаву ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун чорабиниҳои зиддисўхторӣ гузаронида, 5848 нафар коргарону хизматчиён ба омўзиши қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор, бевосита дар ҷойи кориашон, фаро гирифта шуданд. Дар ҷараёни гузаронидани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ аз тарафи кормандони хадамот 427 нуқтаи носози барқӣ ва 22 ҳуҷраҳои алоҳидаи хавфи сўхтор дошта ошкору безарар гардонида шуда, фаъолияти 16 корхонаву иншоот муваққатан аз фаъолият боз дошта шуд. Барои мунтазам ва дағалона вайрон намудани талаботи қонуну қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор нисбат ба 299 нафар роҳбарону масъулони корхонаву иншоот ва шаҳрвандони алоҳида, ба маблағи 53 420 сомонӣ ҷарима татбиқ шуда, нисбат ба 6 нафари дигар бо моддаҳои 192, 255 ва 256-и Кодекси Ҷиноии ҶТ парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда шуд. Тавре ки аз дафтари матбуоти Хадамоти давлатии оташнишонӣ хабар доданд, кор дар ин самт аз тарафи кормандони хадамоти ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






