Курси омўзишӣ: «Услубҳои муоинаи автомобилҳои дуздидашуда»
Душанбе, 29 ноябр.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-15 афсари Хадамоти гумрукӣ дар курси омўзишӣ доир ба мавзўи «Услубҳои муоинаи автомобилҳои дуздидашуда» иштирок карданд. Курси мазкур аз ҷониби Барномаи мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) ташкил шудааст. Қобили зикр аст, ки кўмаки молиявӣ барои амалисозии ин чорабинии барномаи БОМКА аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо фароҳам гардида, иҷрокунандагони ин чорабинӣ Барномаи Рушди СММ (БРСММ) ва Маркази байналмиллалӣ оид ба рушди сиёсати муҳоҷиратӣ (МБРСМ) ба ҳисоб мераванд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе хабар доданд, ду омўзгор аз Австрия ба иштироккунандагони курси омўзишӣ иттилооти асосиро дар бораи навъҳои гуногуни дуздидани автомобил ва воситаҳои муоинаи автомобил пешниҳод намуданд. Дар курси омўзишӣ иштироккунандагон бо услубҳои муайянсозии рақами идентификатсионии (VIN-коди) автомобилҳо ва роҳҳои ошкорсозии автомобилҳои дуздидашуда ошноӣ пайдо карданд. Ҳадаф ва вазифаҳои асосии барномаи БОМКА пуштибонӣ барои таҳкими амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мусоидат намудан ба рушди тиҷорат ва транзити қонунӣ, коҳиш додани убуру мурури ғайриқонунии одамон ва амвол дар сарҳад мебошад.Барномаи БОМКА аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби БРСММ ва МБРСМ (ба ҳайси шарики иҷрокунанда) амалӣ мегардад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






