«Ливои истиқлолият» -таҷлил аз Рӯзи Парчам
Кӯлоб, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ф. Мадаминов).- Дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби ҳукумати шаҳр бахшида ба ҷашни Парчами миллӣ чорабиниҳои сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ таҳти «Ливои истиқлолият» дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва ҷамъиятӣ ҷараён доранд. Аз ҷумла, дар Донишкадаи давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Парчам чорабинӣ доир гардид. Дар чорабинӣ олимон, шоирон, нависандагон, устодону донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд. Дар чорабинӣ дар мавриди дастовардҳои Истиқлолият дар давоми 21 сол ва таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ сухан рафт. Дар робита ба ин тибқи қарори ҳукумати шаҳри Кӯлоб бахшида ба ин ҷашн бо иштироки ҳамаи муассисаҳои тобеи шаҳр аз хиёбони И.Сомонӣ то назди Донишкадаи давлатии Кӯлоб марши умумишаҳрӣ бо парчамҳою овезаҳо гузаронида мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






