Маҷлиси ботантана бахшида ба иди касбии милитсияи тоҷик
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Маҷлиси ботантана бахшида ба иди касбии милитсияи тоҷик 9 ноябр дар Душанбе доир гардид. Зимни он вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов саҳми кормандони милитсияро баҳри таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, безарар гардонидани дастаҳои муташаккили ҷиноӣ ва гуруҳҳои террористию экстремистӣ, инчунин бетартибиҳои оммавӣ зикр намуда, изҳор дошт, ки ҳамаи ин имтиҳони сахти рӯзгорро сарбаландона гузашта, имрӯз милитсияи тоҷик ба як сохтори пурқудрату боэътимод ва кафили тинҷиву осоиштагии давлату миллат табдил ёфтааст.
Р. Раҳимов афзуд, ки бо дастгирӣ ва ғамхории бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати корҳои дохилӣ дар 20 соли даврони соҳибистиқлолӣ ба яке аз сохторҳои муҳиме табдил ёфта, дорои заминаи мустаҳками кадрӣ, таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, бинову иншоотҳои замонавӣ ва кормандони аз лиҳози донишу малакаи касбӣ, пешрафта гардид.
Ба иттилои вазир, баҳри беҳдошти шароити хизматии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ танҳо дар солҳои 2012-2013, зиёда 140 адад нақлиёти хизматӣ , 140 манзили истиқоматӣ ҷудо карда шуда, дар айни замон сохтмони бинои истиқоматии 9-ошёна ва як бинои истиқоматии 5-ошёна дар шаҳри Душанбе дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Ҳамчунин бо мақсади фароҳам овардани шароити иҷтимоию маишӣ ва хизматрасонӣ дар ҷузъу томҳои вазорат 48 бинои маъмурӣ бунёд гардида, сохтмони 30 бинои дигар идома дорад. Дар ин давра 423 иншоот таъмиру навсозӣ шуда, тармими 13 бинои дигар оғоз гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






