Маъракаи интихоботӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ
Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар», Баҳромзода Манижа).-Ба иттилои Шарофат Уразова- раиси участкаи интихоботии № 22-и маҳаллаи 63-и ноҳияи Фирдавсӣдар участкаи мазкур ҳамагӣ 2000 сокини маҳалла ба қайд гирифта шудааст ва то ин лаҳзаҳо нафарони зиёде омада,овози худро доданд. Мавлуда Ҳомидҷонова – раиси участкаи интихоботии №-и 17-и шаҳраки 61- ноҳияи Фирдавсӣ дар робита ба ин иброз дошт, ки дар участкаи мазкур 2552 нафар сабти ном шуда, бештарашон овоз додаанд. .Раиси участкаи №-и 18-и ноҳияи Фирдавсӣ Лола Авезова иттилоъ медиҳад,ки дар участкаи номбурда 2157 нафар ба қайд гирифта шуда ва мувофиқи ҳисоботи аввал 236 нафар овоз додаанд.Дар участкаи интихоботии №-10-и ноҳияи Фирдавсӣ низ бақайдгирии шаҳрвандон идома дорад.
Сайфиддин Наҷмуддинов, раиси участкаи мазкур иброз дошт, ки шумораи умумии раъйдиҳандагон 2300 нафар мебошад, ки аз ҷумла 57 нафари онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. То ин муддат 45%-и иштирокчиён раъйи худро додаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






