Машқи кормандони муассисаҳои мубориза бо маводи нашъаовар
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар» Лутфия Эшонқулова).- Аз 11 ноябр дар коллеҷи сарҳадии САҲА машқи кормандони ниҳодҳои таҳлилии муассисаҳои мубориза бо маводи нашъаовар ва хадамоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Маркази тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Қирғизистон дар мавзӯи «Ҳамгироии таҳқиқу таҳлили маълумот» идома дорад.
Тавре ки аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд, мақсад аз ин машқ баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони ниҳодҳои таҳлилии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пайдо намудани малака барои роҳандозии тадқиқоти стратегӣ бо истифода аз барномаҳои муосир ва такмили донишҳои таҳлилӣ мебошад.
Иштирокдорони машқ як қатор малакаҳоеро, ки дар ҷараёни иҷлосия пайдо намудаанд, мавриди истифода қарор медиҳанд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки натиҷаҳои машқро муфассал таҳлил намоянд.
Ин чорабинӣ, ки бо дастгирии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ва САҲА роҳандозӣ шудааст, то 22 ноябр идома меёбад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






