Матбааи ТҶММ ба фаъолият шуруъ намуд
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). — Дар заминаи Ташкилоти Ҷамъияти мададгори мудофиа матбааи «Ватанпарвар» ба фаъолият шуруъ намуд. Он барои табъу нашри дастуру мавод барои муассисаҳои таълимии ташкилот, инчунин дастуру китобҳои тарғиботӣ, ватандӯстӣ ва дигар маводи чопӣ махсус гардонида шудааст. Матбаа бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири чопӣ муҷаҳҳаз буда, баҳри чопи китобҳо бо сифати баланд ва ороиши ҷолиб омода аст. Тавре ки котиби матбуотии ташкилот Абдурақиб Қодиров хабар дод, инчунин матбаа варақаҳои муҳосиботӣ ва варақаҳои имтиҳонотии ронандагиро барои муасисаҳои таълимии ронандагии тамоми ҷумҳурӣ нашр хоҳад кард.
Матбааи мазкур пас аз гирифтани иҷозатномаи Вазорати фарҳанг ба фаъолият шуруъ менамояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






