Маводи сохтмонии қалбакӣ ошкор гардид
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи маълумоти Агентии «Тоҷикстандарт», соли ҷорӣ се ҳодисаи дар бозорҳои шаҳри Душанбе ба фурӯш баровардани рангҳои қалбакии «Бергер» ва «Атрак» — и сохти Эрон ошкор гардида, 120 қуттии он аз фурӯш бароварда шуд.«Соли гузашта зимни ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти пинҳонкороне, ки маҳсулоташон аз қабили рангу лок ба талабҳои дахлдори стандарти давлатӣ мувофиқат намекард, қатъ гардонида шуд» — зикр намуд сардори Раёсати меъёрҳои техникӣ ва стандартизатсияи Агентии «Тоҷикстандарт» Назрулло Шарифов. Мувофиқи суханони мавсуф, як худи соли гузашта 1597 қуттӣ рангу локи калбакӣ мусодира гардида, айбдорон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






