Медали Комроншоҳ аз мусобиқаи 75-солагии самбо
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сабоҳат Қадамова).- Комроншоҳи Устопириён варзишгари кишвар аз гӯштини самбо дар вазни то 90 кг медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни мардону занон ва самбои размӣ байни мардонро, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор гардид, соҳиб шуд. Дар мусобиқаи мазкур, ки ба ҷашни 75-солагии самбо бахшида шуда буд, варзишгарони 75 кишвари ҷаҳон иштирок ва барои ҷоизаи мусобиқа миёни ҳам рақобат карданд.Гуфта мешавад, ки варзишгарон барои 27 маҷмӯи медалҳо, 9- медал дар самбо миёни мардон, 9-то дар самбо миёни занон ва 9-медал дар самбои размӣ байни мардон мубориза бурданд.Комроншоҳи Устопириён, варзишгари тоҷик дар вазни то 90 кг нахустин бор рақибаш Георгий Баиндурови аз Гурҷистонро шикаст дода, ба варзишгари олмонӣ Даниэл Каррот ва Сабуҳӣ Охундов аз Озарбойҷон низ ғолиб омад. Комроншоҳ барои ба финал баромадан аз Иван Василчук аз Украина мағлуб гашта, барои ҷойи севвум Ҳелге Молтии олмониро шикаст дода, медали биринҷии мусобиқаро дар вазни худ ба даст овард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






