Мирзо Маҳмадҷонов аз олам даргузашт

Ноябрь 5, 2013 11:58

Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Собиқадори  футболи тоҷик,  аввалин  президенти Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  Мирзо  Маҳмадҷонов  баъди  бемории  тӯлонӣ  4  ноябр аз олам  даргузашт.
 
Мувофиқи  маълумоти  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон, моҳи  декабри  соли  ҷорӣ  Мирзо  Мамадҷонов  бояд  70 – сола  мешуд.  Тамоми ҳаёти  марҳум  бо  футбол  алоқаи   зич  дошт. Мирзо  Мамадҷонов  довари  дорои  дараҷаи умумииттиҳодӣ  буда, бозиҳои  мусобиқоти  иттиҳодиро  доварӣ  мекард.  Ӯ  солҳои 90 – уми  асри  гузашта  ба  ҳайси  мураббии  клубҳои  Тоҷикистону  Ӯзбекистон фаъолият  дошта,  соли  1992  президенти  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  гардид. Солҳои  гуногун  ба  ҳайси  ноиби президенти  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  кор  мекард.  Соли  гузашта  роҳбари  комиссияи  доварону  нозирони  Федератсияи  футболи  ҷумҳурӣ  таъин  шуда буд.
 

Ноябрь 5, 2013 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд