Муҳайё кардани 4500 ҷои кор дар Восеъ
Восеъ, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар ноҳияи Восеъ маркази тиҷоратию хизматрасонии «Султони Кабир» ба кор оғоз кард, ки дар ҳолати пурра ба фаъолият пардохтани он дар назар аст 4500 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардад. Бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда, дар дохили марказ коргоҳи дӯзандагӣ барои 350 ҷой, толори варзишӣ барои 500 нафар, ошхона, мағозаҳои гуногуни фурӯши маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ, либос, мебел ва фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, сарой барои фурӯши меваю сабзавот ба роҳ монда шуда, бо шароитҳои лозимӣ таъмин мебошад.
Мақсад аз таъсиси марказ сафарбар намудани занон ба корҳои дӯзандагӣ, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани бекорон мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






