Муҳокимаи низоми имтиҳоноти мутамаркази қабул
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- 27 ноябр дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии «Низоми имтиҳоноти мутамаркази қабул дар муассисаҳои маърифатии таҳсилоти касбии олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсади асосии ин чорабинӣ иборат аз воқиф намудани ҷомеа аз тартибу қоидаҳои имтиҳоноти мутамаркази қабул ва тақсими довталабон ба муассисаҳои маърифатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 буд. Хотирнишон месозем, ки мурод аз ҷорӣ намудани низоми нави имтиҳоноти мутамаркази қабул ҳамчунин иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 ва вазифаҳои соли 2013» мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






