Муаррифии Барномаи номзад ба интихобкунандагон

Ноябрь 4, 2013 15:34

    Душанбе, 4 ноябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-    Ҷиҳати пешниҳоди самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/  Эмомалӣ Раҳмон дар участкаи интихоботии №11-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт вохӯрии гуруҳи тарғиботӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид. 
  Меҳрубон Мирзоева –шахси боэътимоди номзад ба мансаби президентӣ аз ҲҲДТ оид ба самтҳои асосии Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ ва равандҳои рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ибрози назар намуд.
 Абдураҳмон Хонов-  аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ доир ба меъёрҳои алоҳидаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Парлумон дар таҳия ва қабули санаду қонунҳое, ки ба манфиати халқу кишвар нигаронида шудаанд, табодули назар карда, гуфт, ки мо мардуми тоҷик бояд имрӯз ҳамқадами замон ва донандаи хуби илму техенологияи муосир бошем.
Ҳамзамон дар назди интихобкунандагон Комилҷон Шамшеров- муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур роҷеъ ба донишандӯзӣ, маърифати ҷавонон ва занон ибрози назар намуда, аз иқдомҳои Сарвари давлат нисбат ба ҳалли мушкилоти онҳо ёдовар шуд. 

Ноябрь 4, 2013 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш