Мулоқот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Ноябрь 21, 2013 16:34

Душанбе,21 ноябр. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Дар дафтари котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқоти кормандони котибот бо Ива Хамил — мутахассиси Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ 20 ноябр баргузор гардид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ хабар доданд, дар мулоқот роҳбари котибот- Завқиҷон Завқиев оид ба нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ гуфтугӯ намуда, барои гирифтани фикру пешниҳодоти мутахассис нақшаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дод.Мутахассис фикру пешниҳодҳои худро нисбат ба нақшаи чорабиниҳо иброз намуда, зикр кард, ки диққати асосӣ ҳангоми таҳияи он бояд на ба баланд кардани нишондиҳандаҳои мамлакат дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ, балки ба такон бахшидан ба рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар мамлакат равона шавад.Дар охир ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории самаранок дар дигар самтҳои мухталиф ва имконпазир омодагии худро баён намуданд.

Ноябрь 21, 2013 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш