Мулоқоти Ҳироюки Имаҳаши бо Қоҳир Расулзода
Хуҷанд, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дирӯз раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода Сафири Ҷумҳурии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳироюки Имаҳаширо ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо зимни мулоқот густариши равобит миёни Тоҷикистону Ҷопонро мавриди баррасӣ қарор дода, барои вусъати ҳамкориҳо дар оянда изҳори омодагӣ намуданд. Қоҳир Расулзода бо ишора ба пешрафтҳои технологии кишвари Ҷопон изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои ҳамкорӣ бо ин кишвари пешрафтаи Осиё ҳамеша омода аст. Дар ҷараёни суҳбат таъкид гардид, ки солҳои охир муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон ба марҳилаи тоза ворид гардидаанд ва ҷониби Ҷопон дар даҳсолаи охир 50 лоиҳаи гуногунсамтро бобати таъмиру барқарорсозии мактабу пулҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва бо оби нӯшокӣ таъмин намудани сокинони шаҳру навоҳии вилоят ба иҷро расонидааст. Гуфта мешавад, ки Ҳироюки Имаҳаши зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд дар маросими ба анҷом расидани якчанд лоиҳа дар шаҳрҳои Исфараву Конибодом ва ноҳияи Зафаробод иштирок хоҳад кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






