Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли ЮНЕСКО
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- 10 ноябри соли ҷорӣ мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Руқия Қурбонова, вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ва котиби масъули Комиссияи миллии ҶТ оид ба корҳои ЮНЕСКО Шаҳло Абдураҳимова бо Дабири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова баргузор гардид.
Руқия Қурбонова муҳим ва саривақтӣ будани барномаҳои созмонро таъкид карда, ба сифати таълим, рушди ҳазорсола, стратегия ва пешниҳодҳои нави ЮНЕСКО барои солҳои 2014-2017 аз номи худ дастгирии Ҳукумати Тоҷикистонро иброз намуд. Дар навбати худ Бокова аз сафараш (20-22 августи 2013) ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, дар сатҳи олӣ гузаштани онро ёдовар шуд.
Баъдан ҳайатро бо интихоб шудани Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки якдилона аз ҷониби мардуми Тоҷикистон дастгирӣ ёфт, сидқан табрик намуданд. Минбаъд низ Тоҷикистону ЮНЕСКО ҳамкориро идома дода, Бокова ҳайати Тоҷикистонро бовар кунонид, ки барои дастгирии лоиҳаҳои Тоҷикистон ва пешбурди соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг аз тариқи ЮНЕСКО саҳмгузор хоҳад шуд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва самимӣ доир шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






