Мулоқоти М. Неъматов бо ҷавонони Мактаби байналмилалии Президентӣ

Ноябрь 15, 2013 16:49

Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- «Партавафшон бод парчамат Тоҷикистон»- бо ин шиор ва мавзуъ имрӯз, 15-уми ноябр дар Мактаби  байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов бо ҷавонони мактаби мазкур мулоқот намуд.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, ин мулоқот бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ сурат гирифта, Маликшо  Неъматов зимни суханронӣ аз пешрафту шукуфоии кишвар ёдовар шуда, таъкид доштааст, ки соли равон Парчами ҷумҳурӣ  аз ҷониби варзишгарон   205 маротиба дар кишварҳои мухталифи  олам бардошта шудааст. 
Гуфта мешавад, ки дар  чорабинӣ  хонандагони  муассисаи мазкур вобаста ба  таърихи  Парчами давлатӣ маърўзаҳо намуданд. 
 
 
 

Ноябрь 15, 2013 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш