Мулоқоти Низомиддин Зоҳидов бо Амр Ризо
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- 13 ноябр мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо директори минтақавии ширкати «Лафарҷе» — и Фаронса Амр Pизо баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масоили рушди ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Лафарҷе» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки ширкати «Лафарҷе» аз рӯи истеҳсоли маводи сохтмонӣ дар ҷаҳон яке аз ширкатҳои пешсаф буда, дар ҳамаи бахшҳои фаъолияташ, аз қабили истеҳсоли сементу бетон ва ғайра, мавқеҳои баландро касб намудааст. Шумораи кормандони ширкати мазкур дар 64 кишвари ҷаҳон 68 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






