Мулоқоти Оқил Оқилов бо директори генералии ширкати ТВЕА
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо директори генералии ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Банк Шу мулоқот кард.Дар мулоқот иҷрои қарордодҳои муштарак ва ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои ҳамкориҳои байниҳамдигарӣ дар соҳаҳои энергетика, аз ҷумла иҷрои тарҳи сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 (МБГ) ва сохтмони хатҳои интиқоли барқ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Тавре ки таъкид шуд, корҳои сохтмони дар ин иншооти муҳим босуръат идома дошта, то имрўз сохтмони дегхонаи якум, лўлаҳои дудбарор ва иншоти сардкунандаи об ба анҷом расидаанд.Сарвазири мамлакат аз роҳбарияти ширкат даъват ба амал овард, ки барои анҷоми сохтмони иншооти тақсимоти гармӣ ва оғози сохтмони лўлаҳои интиқоли гармӣ дар кўтоҳтарин фурсат мусоидат намоянд.Ёдрас мешавем, ки МБГ-и Душанбе-2 бо иқтидори 100 МВт дар ду навбат бунёд гардида, фаъолияти он аз тариқи истифодаи ангиштсанг ба роҳ монда мешавад. Лоиҳаи бунёди иншоти мазкур ҳамзамон сохтмони беш аз 3000 метр хатти интиқоли гармӣ ва хатти интиқоли барқи 220 кВ-ро дар бар мегирад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






