Мулоқоти Оқил Оқилов бо Сергей Лебедев дар Душанбе

Ноябрь 5, 2013 12:02

Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Имрўз Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев мулоқот кард.
Оқил Оқилов нақши ИДМ-ро дар раванди таҳкими робитаҳои байнидавлатии кишварҳои аъзо мусбат  арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон барои татбиқи нақшаю чорабиниҳои дар доираи иттиҳод пешбинӣ шуда пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. 
Сергей Лебедев, ки ба ҳайси роҳбари гуруҳи мушоҳидачиёни ИДМ дар Интихоботи Президенти Тоҷикистон ба Душанбе омадааст, дар навбати худ  оид ба ҷараёни омодагиҳо ба баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар Тоҷикистон изҳори назар кард. 
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамзамон доир ба дигар масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба  дар доираи ИДМ табодули назар намуданд. 
 
 
 

Ноябрь 5, 2013 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш