Мулоқоти Раиси БМТ бо ҳайати намояндагии Давлати Қатар
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 20 ноябри соли равон мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов бо ҳайати намояндагии Давлати Қатар таҳти сарварии мудири бахши рушди фаъолияти Созмони сармоягузории Қатар Файсал ибни Сауд Оли Сонӣ баргузор гардид. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар бахши низоми бонкӣ, ҷалби сармоягузориҳои дарозмуҳлат ба иқтисодиёти ҷумҳуриро баррасӣ намуданд. А.Ширинов меҳмононро бо вазъи феълии макроиқтисодӣ ва дастовардҳо дар низоми бонкии мамлакат шинос намуд. Номбурда иброз дошт, ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ нақшаи ба роҳ мондани фаъолияти бонкдорӣ тибқи қоидаҳои исломӣ ва корҳои омодагӣ ба он идома доранд, аз ҷумла лоиҳаи қонуни дахлдор таҳия шудааст ва мавриди баррасӣ қарор дорад. Роҳбари ҳайати меҳмонони давлати Қатар Файсал ибни Сауд Оли Сонӣ изҳор намуд, ки онҳо барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои судбахш дар соҳаҳои гуногун, бахусус низоми бонкӣ ва маблағгузориҳои дарозмуҳлат манфиатдор мебошанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






