Мулоқоти Рамазон Раҳимов бо Игор Лякин-Фролов

Ноябрь 13, 2013 09:31

Душанбе,  13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов дирӯз бо Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов  мулоқот доир намуд. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот тарафҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот, бозомӯзӣ ва тайёр намудани кадрҳо дар заминаи Академияи ВКД Федератсияи Русия баррасӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ Рамазон Раҳимов зикр намуд, ки дар доираи ҳамкориҳо бо  Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Бюрои мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай муносибатҳои дуҷониба дар ҳама ҷабҳаҳо рушду такомул ёфта, дар сатҳи баланд қарор доранд.
Мавриди тазаккур аст, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст. Махсусан дар таҳия ва амалисозии асноди барномавӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва амнияти ҷамъиятӣ, ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштараки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар пешгирӣ, барҳамзанӣ, ошкор ва тафтиши ҷиноятҳое, ки хусусияти байналмилалӣ доранд ва ба омодагии касбии кадрҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир  мешавад.
Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон  Игор Лякин-Фролов изҳор дошт, ки «Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳам робитаи дӯстона ва зич дошта, дар самтҳои гуногун, аз ҷумла, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ ҳамкориҳоро фаъолона амалӣ намуда истодаанд ва ин ҳамкориҳо муносибатҳои моро қавитар мегардонанд”.    
 
 

Ноябрь 13, 2013 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад