Мулоқоти Шариф Саид бо В. Ласерталес
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид 26 ва 27 ноябр дар ҷаласаи Маҷмаи умумии Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо дар шаҳри Париж иштирок намуд. Тавре ки аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноти Тоҷикистон ба АМИТ «Хорвр» хабар доданд, Шариф Саид дар ҳошияи сафараш бо Муншии умумии Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо Висенте Гонзалес Ласерталес мулоқот анҷом дод, ки дар ҷараёни он масоили ҷории ҳамкорӣ бо Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо, ҳамчунин самтҳои дурнамои ҳамкорӣ ба манзури ташкили намоишгоҳҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Шариф Саид ба Бюрои намоишгоҳҳо барои дастгирии Тоҷикистон дар фаъолияти намоишгоҳҳо изҳори сипос карда, Висенте Гонзалес Ласерталесро даъват намуд, ки аз Тоҷикистон боздид намояд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






