Мулоқоти вазирон ва роҳбарони сохторҳои мубориза бо маводи мухаддир
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Тоҷикистон дар татбиқи Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ фаъолона иштирок намуда, саъю кӯшишҳоро дар мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дастгирӣ мекунад. Дар ҳошияи барномаи мазкур бо пешниҳоди Агентии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2012 ба ном «Ибтикороти АКТ (Афғонистон – Қирғизистон – Тоҷикистон)» — Машварати роҳбарони сохторҳои муқобилат ба маводи мухаддири Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон фаъолият дорад.Вақтҳои охир масъалаи ташаннуҷи вазъи маводи мухаддир дар Афғонистон ва умуман дар минтақа баъди соли 2014 аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баровардани қувваҳои байналмилалии мададгори амният ба қазияи мубрам табдил ёфтааст. Мувофиқи хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, дар робита бо ин, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ 29 ноябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти ғайрирасмии вазирон ва роҳбарони сохторҳои мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон, Эрон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Русия, Чин, ИМА, Туркия, ҳамчунин намояндагони Раёсати оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ ва Иттиҳоди Аврупоро барои муҳокимаи вазъи маводи мухаддир дар минтақа ва мутобиқати тадбирҳо барои муқобилат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир доир карданист. Қобили зикр аст, ки ин мулоқот бо ибтикори Ҳукумати ҶТ бори нахуст роҳандозӣ мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






