Мушкилоти муҳоҷират дар Минск баррасӣ мешавад
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар» С. Солеҳ). –Имрӯз, 15 ноябри соли 2013 дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Мински Беларус ҷаласаи 14-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид. Аз Тоҷикистон дар ин ҷаласа муовини сардори Хадамоти муҳоҷират Саидғуфрон Абдулло, сардори Раёсати иҷозатномадиҳӣ Анвар Носиров, сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Русия Мансур Орипов ва и.в. сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ Туғрал Хайруллоев ширкат доранд.
Тибқи иттилои Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ҳамоиш вазъи муҳоҷиратӣ дар кишварҳои ИДМ, лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи Консепсия оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва демографии аъзои кишварҳои ИДМ, ҷараёни амалишавии «Барномаи ҳамкории зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои солҳои 2012-2014», чораҷӯии кишварҳои аъзои ИДМ дар таъмини гурезаҳо ва мақоми гуреза, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти муҳоҷират, инчунин нақшаи кории Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ барои соли 2014 баррасӣ мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






