Мусобиқаи гӯштини дзюдо дар Кӯлоб
Кӯлоб, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар маҷмааи варзишии тозабунёди шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо байни ҷавонони солҳои таваллуди 1993-1995 баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур се рӯз идома ёфта, дар он варзишгарони ҷавон аз вилояти Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳии тобеи марказ ҳунарнамоӣ намуданд. Аллакай аз оғози мусобиқа намояндагони дастаҳои Хатлон -2, Душанбе-1 ва дастаи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, роҳхат ба марҳилаи ниҳоиро дарёфт намуданд. Дар ин мусобиқа варзишгарони ҷавон аз рӯи 10 вазн байни ҳам қувваозмоӣ карда, дар ҷамъбаст ғолибон ва беҳтаринҳо ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ шомил гардиданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа аз рӯи холҳои умумӣ варзишгарони дастаи Хатлон- 2 соҳиби ҷои аввал, дастаи Душанбе- 2 ҷои дуюм, дастаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеъ ва ВМКБ ҷои сеюмро ишғол намуданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон ва беҳтаринҳо бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб сазовор гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






