Муваффақияти гӯштингирони Суғд дар мусобиқоти ҷаҳон
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода ).- Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳон, ки дар Бошқирдистон аз рӯи гӯштини тарзи озод ва классикӣ баргузор гардид, соҳиби панҷ медал гардиданд. Назар ба хабари дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар мусобиқот беш аз 20 нафар гӯштингирони тоҷик иштирок намуданд. Намояндагони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Хуршед Шарифов, Умед Тошмуродов, Маҳмад Миров дар гӯштини тарзи озод, Маҳмад Миров ва Хуршед Шарифов дар гӯштини тарзи классикӣ соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.Хотирнишон месозем, ки дар мусобиқоти ҷаҳон 250 нафар варзишгарони 25 давлат қувваозмоӣ намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






