Нафақахӯр дар сӯхтор ба ҳалокат расид

Ноябрь 19, 2013 10:59

Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -18 ноябри соли 2013 соати 15-10 дақиқа дар чарогоҳи хоҷагии деҳқонӣ, мансуб ба Амирҷон Икромов, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чагами ноҳияи Шўроободи вилояти Хатлон сўхтор ба амал омад. 
Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани 3 адад нақлиёти сўхторхомўшкунӣ дар масоҳати 30 гектар алафҳои худрӯйро алангаи оташ фаро гирифта, дар ҷойи ҳодиса нафақахӯри 84- сола Аҳмад Фахриддинов ба ҳалокат расида буд. Оташнишонон роҳҳои паҳншавии сўхторро пешгирӣ намуда, оташро дар давоми 6 соат пурра хомўш намуданд. 
Тавре ки аз Хадамоти давлатии оташнишонӣ хабар доданд, нисбат ба ҳодисаи ба амал омада, тафтишот оғоз гардида, сабаб, гунаҳгор ва зарари моддии сӯхтор  муайян мешавад.  
 
 
 

Ноябрь 19, 2013 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш