Нахустин майдончаи варзишии донишгоҳ
Душанбе,4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Дар назди кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ 2-юми ноябри соли равон майдончаи варзишӣ барои бозии футболи хурд мавриди истифода қарор гирифт. Тавре ки котиби матбуоти Донишгоҳи омӯзгорӣ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар расми ифтитоҳи майдончаи мазкур ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов зикр намуд, ки тӯли бештар аз 80 соли мавҷудият донишгоҳ нахустин маротиба соҳиби майдон гардид. То ин замон донишҷӯён барои мусобиқоти футбол ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мерафтанд. Яке аз эродҳое, ки комиссияи аттестатсияи давлатӣ зимни санҷиш гирифт, маҳз набудани майдончаи варзишӣ буд. Инак, дар ин майдон донишҷӯён метавонанд бемалол миёни ҳам сабқат намоянд.
А.Раҳмонов сохтмони майдончаро ҳамчун амалинамоии сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти варзиш арзёбӣ кард.
Сипас, бахшида ба Рӯзи Сарқонуни мамлакат нахустин мусобиқаи футболи хурди дӯстона миёни факултаҳо доир гардид. Сабқат миёни дастаҳои духтаронаи факултаҳои иқтисодиёт ва идора дар соҳаи маориф ва забони англисӣ, таърих ва филологияи тоҷик, ҳамзамон, дастаҳои писаронаи факултаҳои таърих ва забонҳои романӣ-германӣ баргузор шуд.
Мусобиқа байни дастаҳои духтарона мусовӣ ва миёни дастаи писарона 1-0 бар манфиати дастаи факултаи забонҳои романӣ-германӣ анҷом ёфт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






