Намоишгоҳ – ярмаркаи байналмилалии «Тоҷикистон – 2013»
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 12 ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки корхонаҳои Эрон Намоишгоҳ — ярмаркаи байналмилалии «Тоҷикистон – 2013» ифтитоҳ гардид, ки он иқдоми муҳиме дар роҳи густариши фаъолияти корхонаҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шумор меравад. Намоишгоҳ — ярмарка бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва Ширкати байналмилалии «Роҳи рушди Осиё» — и Эрон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Тавре ки аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ муовини раиси ПСС ҶТ Асаналӣ Карамалиев, раиси Ширкати байналмилалии «Роҳи рушди Осиё» Муҳаммад Имронӣ, намояндагони сохторҳои тиҷоратии Тоҷикистону Эрон, аҳли ҷамъияти пойтахт, ҳамчунин васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ширкат доштанд.
Асаналӣ Карамалиев зимни суханронии табрикотиаш зикр намуд, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон сол аз сол рушду густариш меёбад. Бо иштироки 30 корхонаҳои шаҳрҳои Теҳрон, Хуросон, Қазвин, Мозандарон, Шероз, Ҳамадони Эрон, ҳамчунин корхонаҳои Ҷумҳурии Тотористон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир гардидани Намоишгоҳ – ярамаркаи байналмилалӣ боз як қадами муҳиме дар ин росто гардид.
Мақсади асосии доир шудани намоишгоҳ рушду густариш бахшидани равобити тиҷоратию иқтисодии байни соҳибкорони ҳар ду кишвар, ҷалби сармоя, истифодаи техника, таҷҳизот ва технологияҳои муҳосир, ташкили корхонаҳои муштараки коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва ба даст овардани маҳсулоти рақобатпазир мебошад.
Хотирнишон месозем, ки намоишгоҳ – ярмарка то 16 ноябр идома меёбад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






