Намоиши хотимавии «Мастер ва Маргарита»

Ноябрь 20, 2013 11:45

Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Анна  Мошенко).-  19  ноябр  Театри  мустақили  Маскав  дар Театри  Опера  ва  балети  ба  номи  С.Айнӣ  намоишномаи  «Мастер  ва  Маргарита»  — ро  манзури  тамошобинон  намуд. Коргардони  намоишнома  Ҳунарпешаи  мардумии  Русия  Валерий Белякович  буда,  оҳангҳои  он  ба  бастакор Сергей  Манченко тааллуқ  доранд. 
 
Дар намоишнома   нақшҳои  асосиро  ҳунарпешагони  маъруфи  Русия  Владимир  Филатов,  Наталя Гончарова,  Ҳунарпешаи  мардумии  Русия  Владимир  Стеклов иҷро  намуданд.
 
Театри  мустақили  Маскав соли  2003  таъсис  ёфта,  15  ноябри ҳамон  сол бори  нахуст  намоишномаи  «Мастер  ва  Маргарита» — ро  аз  рӯи  достони  Михаил  Булгаков  манзури  ҳаводорони  санъат   намуда буд. Ин  намоишнома  беш  аз  700 маротиба   дар  кишварҳои  мухталифи  ҷаҳон  намоиш дода шудааст. 

Ноябрь 20, 2013 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад