Намоиши «Муҳаббат» дар театри Лоҳутӣ

Ноябрь 12, 2013 09:48

Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар»,Ситора Раҷабова).- Аз 20-ум то 24-уми ноябри соли равон дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ намоиши «Муҳаббат» баргузор мегардад.
Намоиши мазкур аз рӯи асари М. Сайфиддинов ба саҳна гузошта  шуда, дар он ҳунармандони театри мазкур нақшофарӣ мекунанд.
Дар намоиш коргардон мавзӯи ишқу муҳаббатро саҳнагузорӣ карда, нақшҳои асосиро дар он Бобоҷон Ҳасанов ва Умеда Раҳимова иҷро мекунанд.
Намоиш ҳамарӯза соати 15:00 доир мегардад. Дар ин бора аз Театри давлатии академии драмавии ба номи  Лоҳутӣ хабар доданд.
 
 

Ноябрь 12, 2013 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд