Намоиши «Саргузашти се бузича» дар Театри ҷавонон

Ноябрь 19, 2013 11:11

Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Рӯзи 20-уми ноябри соли равон дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов намоиши кӯдаконаи «Саргузашти се бузича» баргузор мегардад.
Намоиш  аз рӯи асари Тағоймурод Розиқов рӯи саҳна гузошта шуда, дар он ҳунармандон Асалбегим Саодатова, Далер Мирхонов ва Парвина Боирова нақшофарӣ мекунанд.
Намоиши мазкур соати 10:00 доир мегардад.
Дар ин бора аз Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов хабар доданд.

Ноябрь 19, 2013 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш