Намоиши «Шоҳдухтар Фифелия» дар Театри ҷавонон

Ноябрь 21, 2013 10:57

Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Рӯзҳои 22-юм ва 23-юми ноябри соли равон дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов намоиши кӯдаконаи «Шоҳдухтар Фифелия» баргузор мегардад.Намоиш аз рӯи асари Нозим Меликов саҳнагузорӣ шуда, дар он ҳунармандони театр Гулбибӣ Абдулхайрова, Диловар Неъматов ва Моҳпайкар Ёрова ҳунарнамоӣ мекунанд.Намоиши мазкур соати 10:00 доир мегардад.Дар ин бора аз Театри ҷавонон ба номи М. Воҳидов хабар доданд.

Ноябрь 21, 2013 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш