Нашри «Маснавии маънавӣ»

Ноябрь 18, 2013 16:02

Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Зиёда аз 700 сол боз «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар байни кулли форсизабонони дунё ва дигар миллатҳои ҷаҳон бо мазмуни баланду асари беназир буданаш шуҳратёр аст. Гузашта аз ин ба қавли Мавлоно Ҷомӣ :
Маснавии маънавии Мавлавӣ,Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.Хушбахтона, нашриёти «Ирфон» дафтари дуюми ин шоҳасарро бо теъдоди ҳазор нусха дастраси хонандагон намуд. Асар ба масъалаҳои гуногуни ирфонӣ, фалсафӣ ва ахлоқӣ бахшида шуда, аз зиндагонии гузарони одамон ҳикоят мекунаду маърифатомӯз аст. Мавриди зикр аст, ки «Маснавии маънавӣ» аз шаш дафтар иборат буда, дафтари аввали он низ аз тариқи Муассисаи нашриявии «Ирфон» интишор гардида буд.

Ноябрь 18, 2013 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш