Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Тоҷикистон
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — 6 ноябри соли 2013 интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Барои гузаронидани интихобот 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3219 участкаи интихоботӣ, аз ҷумла дар 27 давлати ҷаҳон 61 участкаи интихоботӣ, аз ин шумора 24 участкаи интихоботӣ дар Федератсияи Русия ташкил карда шуд. Аз шумораи умумии 4201156 (чор миллиону дусаду як ҳазору яксаду панҷоҳу шаш) нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рӯйхати интихобкунандагон дохил гардиданд, 3787703 нафар дар овоздиҳӣ иштирок намуданд, ки ин 90,1% -и шумораи умумии интихобкунандагони кишварро ташкил медиҳад.
Шумораи бюллетенҳои беэътибор ҳисобидашуда дар маҷмуъ 39403 адад ё худ 1,04%-ро ташкил медиҳад.
Мувофиқи моддаи 66 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 2 моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршуда ҳисобида мешавад.
Мувофиқи протоколҳои ҷамъбастии натиҷаи интихобот, ки аз комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ворид гардиданд, байни 6 номзади ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифташуда, ки ба бюллетени интихобот дохил гардидаанд, овозҳои интихобкунандагон ба таври зайл тақсим шуданд:
1. Бобоев Олимҷон, номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, тарафдор 143231 нафар ё 3,82%;
2. Бухориев Толибек Аҳмадович, номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, тарафдор 168313 нафар ё 4,49%;
3. Ғаффоров Абдуҳалим, номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, тарафдор 55516 нафар ё 1,48%;
4. Исмонов Саидҷаъфар Исмонович, номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон, тарафдор 39334 нафар ё 1,05%;
5. Талбаков Исмоил Иброимович, номзад аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, тарафдор 184653 нафар ё 4,93%;
6. Эмомалӣ Раҳмон — номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, тарафдор 3157253 нафар ё 84,23%.
Ҳамин тариқ, мувофиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуда ҳисобида мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






