Натиҷагирии ТТД дар Тоҷикистон

Ноябрь 21, 2013 10:56

Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Барои эълони натоиҷи тадқиқоти миллии тиббӣ — демографӣ барои соли 2012 дар Душанбе нишаст доир гардид, ки дар кори он Сафири ИМА Сюзан Эллиотт, инчунин роҳбари ҳайати минтақавии USAID оид ба кишварҳои Осиёи марказӣ сафир Ҷонатан Эддлтон, мудири шуъбаи тандурустӣ оид ба масоили занон ва оилаи дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобохоҷиева, директори Агентии омор Бахтия Муҳаммадиева ва муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон Саида Ҷобирова иштирок намуданд. Тадқиқоти тиббию демографӣ (ТТД), ки аз тарафи USAID дастгирӣ шудааст, ба ашхоси масъули Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар қабули тасмим саҳм доранд ва шарикони байналмиллалӣ маълумоти омории дақиқ ва ниҳоӣ роҷеъ ба вазъи саломатии аҳолӣ пешниҳод мекунад, зикр намуд Сафир Эллиотт дар нишасти мазкур. Тадқиқоти умумимиллӣ аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ шуда, тавассути Aгентии омори назди Президенти Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гаштааст. Ҳадафи аслии ТТД ҷамъ кардани маълумот оид ба саломатии модару кӯдак, зӯроварӣ дар оила, фаҳмиши мардум оид ба бемориҳои БНМО/АНМО ва сил иборат аст. Тадқиқоти мазкур зиёда аз 6,400 хонаводаро дар бар гирифта ва бо 9,600 зани аз 15 то 49-сола мусоҳиба анҷом дода шуд.

Ноябрь 21, 2013 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд